БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ДУЗАНДАГИИ “ЛОЛА” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

03.10.2022 16:55

 

Санаи 3 октябри соли 2022 дар хиёбони Рӯдакӣ 156-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф корхонаи дузандагии "Лола" мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин корхонаи дӯзандагӣ 30 нафар занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд. Зимни маросими кушодашавӣ занону бонувон аз фароҳам шудани чунин шароит ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуданд. Дар оянда ният аст, ки ҷойҳои кории зиёд карда шуда, сафи занону бонувони хонашин зиёд карда шавад. Маврид ба зикр аст, корхонаи дӯзандагии "Лола" барои таъмин намудани либосҳои мактабӣ машғул буда, метавонад якчанд муассисаҳо ва кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳияро бо либос таъмин намояд.