Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

30.09.2022 16:57

 

Санаи 30 - юми сентябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвати шашум баргузор гардид.
Рўзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рўи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуданд:

1.Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои корҳои омодагӣ дар сохторҳои комуналии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023;
2.Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-
2025” дар ноҳия;
3.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои буҷет, савдо ва нарх, хизмати маишӣ, меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ”;
4.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №11;
5.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №19;
6.Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №19;
7.Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №19;
8.Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ;