ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ОМӮЗГОРОН” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30.09.2022 16:33

 

Санаи 30 сентябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, собиқадорони соҳа, роҳбарони муассисаҳои мактабиву томактабӣ ва омӯзгорони фаъол ширкат намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Исмоли Сомонӣ доир ба дастовардҳои соҳаи маориф ва қадру манзалати омӯзгор сӯханрони намуд. Номбурда зимни баромаби худ таъкид доштанд, ки “Давлату ҳукумати мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад”. Гуфта шуд, ки дар ин замина давоми 5 соли охир дар ноҳия 11 муассисаву гимназияҳои нав ва 5 муассисаи мактабӣ бунёд шудааст, ки шароити таълимро бамаротиб беҳтар намуд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳия ба собиқадорони соҳа, мутахассисони ҷавон ва як қатор омӯзгорони фаъоли муассисаҳои мактабиву томактаби ифтихорномаву сипоснома дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Гуфта мешавад, ки дар доираи таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбиашон қадрдонӣ шудани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия басо рамзӣ буда, барои ҳавасмандии бештари онҳо ба кору фаъолияти созанда мусоидат менамояд.