КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЭҲТИРОМ БА ЗАБОН – ЭҲТИРОМ БА МОДАР”

28.09.2022 17:45

 
Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Эҳтиром ба забон – эҳтиром ба модар» ташкил ва баргузор кард шуд.
Дар кори Конференсия Чоршанбезода Сураҷ – муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарофзода Гавҳар – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Шарипова Мавлуда – муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳои олии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани конференсияи мазкур ин пеш аз ҳама эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва рушди он дар замони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дошта, муҳимтарин рукни давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ғамхорӣ ва ӽифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ӽар фарди соҳибдилу соҳибфазл аст.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад”.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи А. И. Сино бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёаати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Пеш аз оғоз ва баъд аз фарҷоми чорабинӣ суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.