АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ БАХШИДА БА ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.09.2022 11:31

 

Санаи 8 сентябри солии 2022 бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдуллозода Воҳид Ғафор ва котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шониёзова Мавлуда бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуллоев Хаскаш (соли таваллуд 1924), Ятимов Сафар (соли таваллуд 1925), Сафаров Мадулло (соли таваллуд 1926) ташриф оварда, туфаҳои пулӣ аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ расонида шуд.
Дар рафти аёдат собиқадорон иброз доштанд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буда ва ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кули халқи шарафманди Тоҷикистон муборакбод намуда ва миннатдории худро ба роҳбарият баён намуданд.