Ҷамъбасти озмӯнҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Кўчаи беҳтарин» ва «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ»

05.09.2022 14:38

 

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 июли соли 2022, №357 ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 20 июли соли 2022, №266 «Дар бораи гузаронидани озмуни ноҳиявии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кўчаи беҳтарин» аз ҷумла байни маҳаллаҳо, кўчаҳои ҳудуди ноҳия озмун ҷамъбаст карда шуда, дар ин давра озмуни дигари ноҳиявӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 апрели соли 2019, №203 ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 12 августи соли 2022, №291 ҷиҳати муайян намудани «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» дар ду номинатсия, аз ҷумла байни мактабҳо ва кўдакистонҳо гузаронида шуд.
Бо ин мақсад санаи 5 сентябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, мутахассисон, раисони маҳаллаҳо, сардорони КВД “Манзилхизматрасон”-ҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони кӯдакистонҳо, имомхатибони масҷидҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута маросими ҷоизасупорӣ гузаронида шуда, ҳамаи ғолибон бо диплом ва мукофотҳо аз ҷониби Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф қадрдонӣ карда шуданд.