Кушодашавии муассисаи таҳсилоти томактабии №5 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

03.09.2022 12:13

 

1 сентябри соли 2022 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, сардори МД “Раёсати сохтмони асосӣ”-и шаҳри Душанбе Атавулоев Ҳадятулло, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром, муассисаи таҳсилоти томактабии №5 – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса тибқи лоиҳа барои 120 нафар кўдак пешбинӣ шудааст. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 утоқи корӣ, 1 толори варзишӣ, 1 толори мусиқӣ ва 4 утоқи ёрирасон, ошхона ва анборхона иборат аст, ки дар он 5 гурўҳи таълимгирандагон бо шароити муосир ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса 24 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин буда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор мешаванд.
Сохтмони муассиса аз тарафи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Муассисаи мазкур дар маҳаллаи «Варзобгэс»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёд ёфта, метавонад кўдакони ин маҳалларо ба тарбия фаро гирад.