ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲО ВА КВД "МАНЗИЛХИЗМАТРАСОН" - ҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

26.08.2022 15:03

 

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни сокинони маҳаллаҳо ва КВД "Манзилхизматрасон" - ҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид.
Санаи 25 августи соли 2022 дар ҷамъбасти мусобиқа Шокирзода Муҳаммадтолиб - муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шоҳзод - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Саидов Саидҷалол ва Маҳмадуллоев Кароматулло кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Маҳмудзода Нусратулло - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шаҳобов Сайалӣ - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мусобиқа 24 даста қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа дастаи маҳаллаи Кӯҳдоман сазовори ҷойи якум, дастаи маҳаллаи Амиршоев сазовори ҷойи дуюм ва дастаи маҳаллаи Аҳрор Мухторов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар натиҷа ғолибон бо ҷом, медал, диплом ва маблағи пулӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Илова бар ин, 2 нафар кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, 2 нафар духтурони МД "Маркази саломатии шаҳрии - 6", доварони МД "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ" - и №10 оид ба футбол ва масъулини майдончаи варзишӣ бо туҳфаи хотиравӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.