Вохӯри бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
18.08.2022 13:48
Санаи 17 августи соли 2022, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии маркази тиббии шаҳрии №2 чорабинии бошукуҳу ва дар фазои тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Сараввал табрикоти Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Шарифзода Н.Д. ба аҳли кормандони соҳа ироа гардид.
Баъд аз расонидани сухани табрикотӣ ба як қатор кормандони муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои таъсис намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим карда шуд.