ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА «РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН»

10.08.2022 09:38

 

Муҳтарам варзишгарон,
устодону собиқадорони соҳа,

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо «Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон» ва 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар кишвари азизамон таҷлил карда мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи исмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.
Варзиш дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин, яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳамзамон, варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар рушду нумӯи ҳар давлат муҳим буда, фаъолият дар ин соҳа далериву мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодаг ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо менамояд.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қатори ҳазорон шаҳрвандони бо нангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 725 медал гардида, аз ин 275 медали тилло, 231 медали нуқра ва 219 медали биринҷиро ба даст овардаанд, ки ин дастоварди варзишгарон обурӯ ва нуфузи Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб меравад.
Мо бо ифтихор мегӯем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Боиси ифтихораст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар гардида, дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ афзуда истодааст.
Бори дигар ба Шумо парчамбардорон ва муаррифгарони миллат - Рӯзи варзишгарони Тоҷикистонро муборакбод мегӯям.