БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05.08.2022 09:29

 

Санаи 4 августи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе “Дар бораи омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995 – 2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2022, №270 тасдиқ гардидааст, ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи даъвати шаҳри Душанбе Гуреззода Умед доир гардид.
Дар ҷаласа, аъзои Комиссия дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, раёсатҳои тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии омор, шуъбаҳои иттилоот, назорат, кор бо кадрҳо, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, нақлиёт ва рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссари ҳарбии шаҳр, раисони Комиссияи даъватии ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино, комиссарҳои ҳарбии ноҳияҳои пойтахт, комиссияи шаҳрии даъвати тиббӣ, роҳбарияти Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти мазкур дар шаҳри Душанбе, КВД “Маркази мутаҳидаи техникӣ”-и ташкилоти мазкур, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини Комиссияи даъватӣ даъват гардида, иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи корӣ рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 июни соли 2022, №270 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995 – 2004 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2022 ва омодагиҳо аз ҷониби комиссияҳои даъватӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе натиҷагирӣ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ баргузор гардидани маъракаи даъват дар даъвати тирамоҳии соли 2022 масъулияти даҳчанд эҳсос намуда, рафти омодагиҳоро пурзур ва нақшаи даъватро аз ҳисоби ихтиёриён ҳарчи бештар таъмин созад.