Нишасти матбуотӣ

21.07.2022 11:25

 

Санаи 21 июли соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф роҷеъ ба соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа ҳисоботи муфассал пешкаш намуд.
Намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ аз бобати ба истифода додани иншооти нави ҷашнӣ, оиди ҳавсманд намудани наврасон ба китобу китобхонӣ ва фанҳои дақиқ, оиди фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ҳудуди ноҳия ва китобхонаҳо, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хушунати хонаводагӣ, ҳолати ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва наврасону ҷавонон, сатҳи бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, муроҷиати шаҳрвандон ва омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои муносибу қаноатманд гирифтанд.