Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

15.07.2022 10:39

 

Санаи 15- уми июли соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвати шашум баргузор гардид.
Рўзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рўи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуданд:
1.Гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда ва тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №19;
2.Ҳисоботи котиби Шўрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар ноҳия;
3.Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» дар ноҳия;
4.Ҳисоботи директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ» оид ба фаъолият дар соли 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022
5.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар»;
6.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №10;
7.Ҳисобот “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022”
8.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.