Таҷлили рӯзи маъюбон дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе
07.07.2022 15:54
Санаи 07 июли соли 2022 бахшида ба рӯзи маюбон дар маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд. Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид ва муовинони раиси ноҳия Мусозода Илҳом Хол ва Шарифзода Наргис Достӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва бошандагони маркази зикргардида иштирок намуданд. Сараввал Раиси ноҳия Самӣ Шариф Ҳамид суханрони намуда қайд намуданд, ки пиронсолон маъюбон ва ятимон ҳамавақт таҳти ҳимоя ва ғамхории давлату ҳукумати мамлакат ва инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Бошандагони маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тӯфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.