Тағироти кадрӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

06.07.2022 10:44

 

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамроҳ, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф Ҳамид ва дигар шахсони масъул маросими ба нафақа равон намудани мудири бахши маорифи ноҳия Одилбекова Лола Қиёбековна баргузор гардид.
Сараввал Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамроҳ ва Раиси ноҳия Самӣ Шариф Ҳамид баромад намуда, оиди саҳмгузории Одилбекова Лола дар соҳаи маориф изҳори қаноатманди намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти соҳаи маорифи ноҳия изҳори сипос намуда барояшон комёбиҳо таманно намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Ҳамзамон бо фармони дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Кучарзода Ҳусния Аламхон ба вазифаи мудири бахши маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин гардид.
Аз ҷониби Саидзода Раҳим Ҳамроҳ ва Самӣ Шариф Ҳамид ба Кучарзода Ҳусния Аламхон ҷиҳати беҳтар гардонидани соҳаи маорифи ноҳия дастурҳо дода шуда, ба фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно намуданд.