Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ

28.06.2022 16:42

 

Санаи 27 июни соли 2022 дар боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ, баргузор гардида, дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолони ноҳия, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳо, КВД манзилхизматрасонон ва меҳмонони ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф суханронӣ намуда қайд намуданд, ки 27 июни соли 1997 пас аз гуфтушунидҳои зиёд ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми онҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон, аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз буда, инак бисту панҷ сол мешавад, ки онро дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Аз ин хотир, тамоми сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҷашни 25 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистони иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.