ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 25 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ

28.06.2022 11:57

 

Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳимму таърихӣ дар Тоҷикистони азизамон мебошад, сидқан табрик гуфта, ба ҳар як Шумо ва аҳли хонадонатон саломатӣ, рўзгори пурсаодат ва комёбиву иқболи нек орзумандам.
27 июни соли 1997 пас аз гуфтушунидҳои зиёд ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми онҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон, аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз буда, инак бисту панҷ сол мешавад, ки онро дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Бояд қайд намуд, ки дар ин рӯзи Саид ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар бо масъулияти баланд дарк менамояд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза муҳим ва азизу муқаддас мебошад.
Инчунин, дарҷ намудан зарур аст, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки аз баракати сулҳу ваҳдат, мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити лозимӣ муҳайё созем.
Имрўз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ муҳаё аст.


Ёдовар шудан зарур аст, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқўъ пайваст, даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони мо дар дохилу хориҷи мамлакат ба гуреза табдил ёфтанд.
Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рўзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат табдил ёфта буд.
Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳанўз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шўрои Олии кишвар оғоз гардида, маҳз бо ташабусси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шудааст.
Имрўз ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик арзиши олию бебаҳо буда, қадру манзалати он дар кишвар ҷойгоҳи муҳим дорад, ки сокинони Кишвар ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.
Аз ин хотир, бори дигар ҳамаи Шумо ҳозири гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҷашни 25 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно мекунам, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистони иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимӣ ҳукмфармо бошад.

Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Ҳамдиёрони гиромӣ.