ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ МАҲАЛЛИИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22.06.2022 15:37

 

Нимаи дуюми имрўз, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи навбатии Шўрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳия доир гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Шўро, муовинони Раиси Шўро, котиби масъули Шўро, аъзоёни Шўро, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Шўрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ифтитоҳ намуда, ба кори он шуруъ намуданд.
Тибқи тартиб гузориши котиби масъули Шўро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Маҳмудзода Нусратулло Пулод шунида шуда, оид ба фаъолияти бахш дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳисобот дода шуд.
Сипас, 1 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 1 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, 1 нафар гирандаи стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар варзишгари муваффақ, ки моҳи марти соли 2022 дар Чемпионати Осиё оид ба Гуштини Ҷудо ва Кураш сазовори ҷойи якум гардиданд ва 1 нафар ҷавони фаъоли ноҳия суханронӣ намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон ба насли ҷавони кишвар ва варзишгарон расониданд.
Баъд аз суханронии масъулин Раиси Шўрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, барои пешбурди соҳа дар самти кор бо ҷавонон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 июли соли 2015, таҳти №526, қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 4 ноябри соли 2015, №198 ба тасвиб расида, дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати Шўро тасдиқ карда шудааст.
Шўрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси қарори мазкур, тибқи низомнома ва нақшаи кории Шўро фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият намуда, минбаъд низ корҳои назаррас дар ин самт идома дода мешаванд.