Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ»

21.06.2022 08:40

 

Имрўз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ташкил ва баргузор кард шуд.
Конференсияро Маҳмудзода Нусратулло Пўлод – мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, аҳли Раёсат ва меҳмонону иштирокчиёнро дар баргузории кори Конференсия хайру мақдам намуданд. Сипас риштаи сухан ба Шарифзода Наргис Достӣ – муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуд.
Дар кори Конференсия Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Мусоева Рафиқа Ғаниевна – ходими давлатӣ, собиқ вакил, Раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, Раҳмонова Адолат Раҳимовна – ходими давлатӣ, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони маҳаллаҳо ва сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани конференсияи мазкур ин пеш аз ҳама муқаддас шуморидани Ватан ва чун гавҳараки чашм ҳифз намудани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллӣ чун асолати маънавию ахлоқии халқ симои дурахшони таърихӣ ва роҳи зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод.
Боиси хушнудист, ки ҷомеаи Тоҷикистон маҳз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи ваҳдату муттаҳидӣ гардид.
Ваҳдати миллӣ барои кулли сокинони кишвар, бахсус ҷавонони саодатманди диёр асоси ифтихороти ватандорӣ буда, кору пайкор, ҳар иқдому нияти неки ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.