Вохӯрии судманд бо фаъолону сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

20.06.2022 07:02

 

Санаи 17 июни соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои ваҳдату озодӣ ва истиқрори сулҳ мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳия доир гардид. Зимни суханрони хеш аъзои гурӯҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки бисту панҷ сол мешавад, ки мо сокинони Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо-Тоҷикистон мебошад. Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар оғоз гардида буд.