Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

17.06.2022 08:31

 

Санаи 16-уми июни соли 2022, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, озмуни мазкур рўзҳои 26 ва 29 майи соли ҷорӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд гуфт, ки озмун аз рўйи панҷ номинатсия баргузор гардида, дар рафти баргузории зиёда аз 300 нафар донишҷўёну хонандагон, омўзгорону кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуда, баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои озмун аз ҷониби аъзои ҳакамон 93 нафар аз рўйи ҳамаи номинатсия ҳамчун ғолиб муайян карда шуданд.
Аз ин рў, баҳри ҳавасманд намудани ғолибони даври ноҳиявии озмун ба омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Диплому туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Инчунин барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ба аъзои ҳакамон, кормандони бахши маориф, иштирокчиён ва он нафароне, ки дар рафти баргузории озмун мусоидат намуданд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуда, дар кору фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳоро таманно намуданд.