Оғози фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”

14.06.2022 11:48

 

Ҳамасола бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони ҳудуди ноҳия дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шарора” шароити хуби истироҳатӣ фароҳам оварда мешавад, ки дар як баст 180 нафар дар тули 12 рӯз қабул менамояд.
Аз ҳамин лиҳоз 180 нафар кӯдакон ва наврасони ҳудуди ноҳия аз 14 то 26–уми июни соли 2022 ба ин истироҳатгоҳ фаро гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар истироҳатгоҳи “Шарора” дар 4 баст 180 нафари қабул намуда, барои истироҳати кӯдакон ва наврасон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар истироҳатгоҳ китобхона, синфхонаҳо, майдончаҳои кӯдакона ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, инчунин машғулиятҳои назариявӣ дар синфхонаҳо гузаронида мешавад. Ин ҷо соати муайян кӯдакон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул мегарданд. Дар истироҳагоҳ кӯдакон ба сайёҳат баромада, мурраби онҳоро бо олами табиат, гиёҳои шифобахш ва дигар асрори табиат ошно мегардонанд.