Вохӯрии судманд бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

02.06.2022 18:27

 

Санаи 2 июни соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласа оиди пешгирии шомилшавии ҷавонону калонсолон ба сафи ташкилотҳои экстримистию террористӣ тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ давоми соли 2021 ва 5 моҳи аввали соли 2022 таҳлилу ҷамъбаст карда шуда, дар рафти он диқати асосӣ ба тарзу усул ва омилҳои шомилшавӣ ба ин гуна ташкилотҳои дода шуда мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.
Дар ҷаласа Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, Прокурори ноҳия Иброҳимзода Абдураҳим, Сафаров Манучеҳр сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия ва Ашурзода Абдуҷалил Халил сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, мутахассисон, раисони маҳаллаҳо, сардорони КВД “Манзилхизматрасон”-ҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони кӯдакистонҳо, имомхатибони масҷидҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.