Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

01.06.2022 14:00

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари олам таҷлил мегардад, дар ноҳия низ истиқбол карда шуд.
Имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф иштирокчиёни чорабинии идона ва дар симои онҳо кулли кӯдакони ноҳияро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрик намуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи дурусти тифлакони саодатманд ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, рушди маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст.
Бояд гуфт, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.