Даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

26.05.2022 08:29

 

Санаи 25 майи соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху таммадун, расму оинҳои миллӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ташкил ва баргузор карда шуд.
Сараввал роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баъдан чорабинии фарҳангиву фароғатӣ пешкаши иштирокчиён доир гардид.
Дар ин замина қайд кардан ба мавридаст, ки дар баргузории фестивали мазкур аз руи шаш наминатсия намоиши сару либоси миллӣ аз қабили намоиши либоси кудакона, либоси рузмара, либоси идона ва муосир, либоси қадимаи чакан ва намоиши либоси тарроҳӣ бо нақшу нигори чакан ба тасвир гузошта шуд.
Инчунин, фаъолон ва ғолибони даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бо сипосномаву диплом сарфароз гардонида шуданд.