АЙЁДАТИ ҶАВОНОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

23.05.2022 13:50

 

Нимаи аввали имрӯз бо дастгирии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони имконияташон маҳдудро айёдат намуданд.
Зикр гардид, ки ҷавонони имконияташон маҳдуд дар зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу впҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шахсони ниёзманд ҳамеша аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбанд.
Ба ҷавонони имконияташон маҳдуд кумаки яквақтаинаи моддӣ аз номи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ расонида шуд.