ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

23.05.2022 10:38

 

Ҷавонони хушиқболи Ватан!
Сараввал ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23 май дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад табрик гуфта, ба Шумо бурдбориҳоро таманно дорам.
Мусалламаст, ки дар ҳама давру замон яке аз омилҳои муҳими инкишофи устувории давлат ва пешрафти ҷомеа истифода аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон мебошад.
Ҷавонони саодатманди кишвар бо шукрона аз ин обу хоки сарзамини биҳиштосо, бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми шоён гузошта истодаанд.
Дар ин росто, мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати пешвоёнаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад.
Рӯ овардан ба сиёсати давлатии ҷавонон ин худ тақозои таърих ва назари хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон ба нерӯи созандаи ҷавонон такя менамоянд ва илму маорифро яке аз соҳаи афзалиятноки хеш қарор дода, барои омӯзиши насли ҷавон аз тамоми имконияту шароит истифода мебаранд.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.
Имрӯз онҳо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида истодаанд.
Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлат ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд.
Дар ин замина, ёдовар мешавам, ки ҳамасола Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расида, Фармони мазкурро ҷавонони ноҳияи Исмоили Сомонӣ сармашқи кори худ қарор дода, Нақшаи даъват ҳамасола дар ноҳия пеш аз муҳлат ба анҷом расонида мешавад.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки шумораи аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2022, 165 878 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 65 300 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин 40 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.
Солҳои охир ҷавонони мо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.
Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзиш, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардида, сафи варзишгарон дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёд гардида, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.
Ҷавонони иззатманд!
Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузоранд.
Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем.
Имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доранд.
Дар ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир аз ҷавонони кишвар талаб менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.
Эътимоди комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд.
Инчунин бовар дорам, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад, ҷавонони азиз.