ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ

20.05.2022 08:15

 

Санаи 19 майи соли 2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар МД "Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи С. Айнӣ" бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони "Дунё пур аз ҷавонист" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ректорон, роҳбарияти сохторҳои ноҳиявӣ, донишҷӯён, сарбозону афсарон ва дигар ҷавонони ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Баъд аз суханронӣ роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Баъд аз қадрдонӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.