Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

12.05.2022 16:05

 

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила чорабинии фарҳангии идона баргузор гардид. Дар оғоз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми оилаҳои собиқадор ва намунавии ноҳияи Исмоили Сомониро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро супориданд.
Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар идома барномаи зебои фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунар ва санъат пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.