ҚАДРДОНИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР МАРҲИЛАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САҲМГУЗОРӢ НАМУДАНД

07.05.2022 08:15

 

Нимаи дуюми имрўз Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф бо ҳайати нафароне, ки аз санаи 1 то 21 апрели соли 2022 дар мавсими даъвати баҳории шаҳрвандони сини 1995 – 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия саҳмгузорӣ намуданд, мулоқот доир карда шуд.
Дар идомаи мулоқот Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳия бо сипосномаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамзамон, муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи даъвати ноҳиявӣ, ректорони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, як қаттор кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Прокурори ҳарбӣ - горнизони шаҳри Душанбе, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, духтурони Маркази саломатии шаҳрии №8, раисони маҳаллаҳо ва сардори шуъбаи дуюми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз ҷониби Раиси ноҳия бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз ва қадрдонӣ гардонида шуданд.