Қадрдонии собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба Иди Ғалаба

05.05.2022 08:28

 

Дар арафаи таҷлили 77-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ба се нафар собиқадорону иштирокчиёни ҷангу меҳнат бахшида ба Иди Ғалаба аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф ба Абдулоев Хаскаш, Сафаров Мадулло ва Ятимов Сафар истиқоматкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мукофотпулии яквақтаина расонида шуд.
Бо чеҳраи болида ва руҳияи баланд дар арафаи Иди Ғалаба кумакпулиҳои яквақтаинаро пазируфта, аз роҳбарият барои ғамхорӣ ва парастории доимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии осоиштаю хуррамона бурда, аз ғамхориҳою парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шоду хурсандем.