КОНФЕРЕНСИЯИ ХХХI ҒАЙРИНАВБАТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

30.04.2022 08:23

 

Бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Конференсияи ХХХI ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия санаи 29 -уми апрели соли равон даъват карда шуд.
Кори Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, Ҷурахонзода Ҷумахон муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмононро ба вакилони Конфренсия муаррифи намуд.
Дар Конфренсия Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Самӣ Шариф Ҳамид, Меликзод Парвина Иноятулло - Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Муродов Ҷурабек - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қаюмов Ҳоҷӣ – Собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Кумита, аъзои Раёсат, вакилони Конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи Конфренсия масъалаҳои ба роҳбари гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Раёсати Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 9 апрели соли 2022 “Оид ба тарғибу ташвиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилӣ ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷои вакили хориҷшуда ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуд.
Дар фарҷом бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ХХХI ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пушида эълон карда шуд.