Ҳамоиши гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

15.04.2022 13:50

 

Имрўз вобаста ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи таҷлил намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Раиси ноҳия доир гардид.
Дар баргузории ҳамоиши мазкур роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 50 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳия ва волидайни онҳо иштирок намуданд.
Дар кори ҳамоиш Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, гирандагони стипендияи ноҳиявиро ҷиҳати сазовор гардидан ба гирандаи стипендия табрик намуда, дар таҳсилоти минбаъдаашон хониши аълоро тамонна намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби Раиси ноҳия ба гирандагони стипендияи ноҳиявӣ ба таври тантанавӣ идрорпулӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии насли наврасу ҷавон ва фароҳам овардани шароити арзанда миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамоиш бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва қироъати шеър аз ҷониби кўдакону наврасон ба анҷом расид.