ДУШАНБЕ ШАҲРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ ВА САБЗУ ХУРРАМ.

14.04.2022 11:34

 

(Ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе)

Шаҳри Душанбе ба сифати шаҳри сарсабзу хуррам соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон гардида буд. Корҳои ободониву созандагӣ низ дар он бо маром вусъат ёфта, ба шаҳри зебову замонавӣ табдил гардидааст, ки ҳамаи ин аз заҳматҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе далолат медиҳад. Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат симои худро ба куллӣ дигаргун намуда, сарсабзу хуррам гардидааст. Шаҳри Душанбе дар мавсими баҳор ва тобистони соли равон воқеан ба гулистони сарсабзу хуррам табдил гардидааст, ки ҳамаи ин аз заҳмату талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва корхонаҳои коммуналии пойтахти мамлакат бозгӯӣ месозад. Бояд қайд кард, ки 23 сентябри соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал оварда буданд, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе саҳм гузоранд. Бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои кишварҳо, ин пешниҳод талаби замон буда, тавонист ҳамовозии саросарӣ касб кунад. Душанбе ҳамчун шаҳри сабзу ҳамешабаҳор бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода менамояд. Гузашти фурсате бо воқеаҳои сарнавиштсози он дар ҳаёти шаҳрдорӣ собит намудаанд, ки интихоби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маснади Раиси шаҳри Душанбе як падидаи барҷастаи ояндасоз мебошад. Дар асл, пешрафтҳои азиме, ки дар ин марҳила дар пойтахт ба вуҷуд омадаанд, аз ҳар самте, ки назар афканем ба кору пайкор, истеъдоди худодод, муҳаббати беназир ба халқу Ватан, ба сират ва нерӯи созандаи ин ҷавони шаҳрдори шаҳрофар пайванд мегирад. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо ва ободу осуда муаррифӣ гаштааст. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳусни пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан таровати тоза зам гардид. Ҳамасола дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар мавсимҳои гуногун дарахтони зиёди сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслҳо ба «Шаҳри сабз» табдил ёфтааст. Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт ҷалб намуда истодааст. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфтааст ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Шарифзода Наргис Достӣ