Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»

07.04.2022 16:47

 

Санаи 7 апрели соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” ва “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯзи 30 март то 1 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ба анҷом расид.
Бояд гуфт, ки озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рўйи ҳафт номинатсия ва озмуни «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» аз рўйи панҷ бахш баргузор гардида, дар рафти баргузории озмунҳо наздики 250 нафар хонандагони литсейю гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуда, баъд аз ҷамъбасти ҳакамон 30 нафар аз рўйи ҳамаи номинатсия ҳамчун ғолиб муайян карда шуданд.
Аз ин рў, аз ҷониби комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри ҳавасманд намудани ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва волидайни онҳо бо Диплому туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.