Вохӯрии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

04.04.2022 11:50

 

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022 намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои сафарбар шуда, вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ки 21 декабри соли 2021 ироа гардида ва бартарафсозии камбудию мушкилоти маҳал вохуриҳои судман анҷом диҳанд.
Бо ин мақсад санаи 4 апрели соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҳудуди ноҳия оиди муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии судманд гузаронида шуд.