Шанбегӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

04.04.2022 11:46

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба иҷрои банди 37-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022» тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, санаи 02 апрели соли 2022 дар ҳудуди ноҳия ҳашари умуминоҳиявӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияту кормандони сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ, корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, сокинони маҳаллаҳо, манзилхизматрасонҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ фаъолона иштирок намуда, корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ, нарм намудани бехи дарахтон, даравидани майсазор, бурриши шоху навдаҳои хушк, тозакунии љӯйбору обпарто, тоза ва рўбучин кардани гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, роҳрав ва кўчаву гулгаштҳоро анҷом доданд.
Имрўз аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва МД «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар гулгашти назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳашари умумӣ гузаронида, дар чорабинии мазкур зиёда аз 2000 дона гулҳои садбарг шинонида шуд.