Оғози даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ»

31.03.2022 16:50

 

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25-уми феврали соли 2022 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” дар шаҳри Душанбе”, дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» доир гардид. Қабл аз оғози даври ноҳиявӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштирокчиёни даври ноҳиявии озмун мулоқот намуданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.