Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

28.03.2022 08:44

 

Санаи 21-уми марти соли 2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пас аз ҳаракати корвони Наврӯзӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раҳимзода Толиб муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, намояндагони Ҳукумати мамлакат ва фаъолони ҳудуди ноҳия иштирок намуданд, ки дар он кӯдакони муассисаҳои томактабӣ ва толибилмони мактабҳои миёна бо нишон додани саҳначаҳои ҷолиб, хондани шеъру сӯрудҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирокдоронро шоду масрур гардониданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб ва Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф суханрони намуда, қайд намуданд, ки ҷашни Наврӯз барои мо тоҷикон, ки меросбарони тамаддуни бостонии Ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ ва унсури ҷудоинопазирии фарҳанги миллӣ буда, бузургиву шаҳомати он шаҳодати васлгарии тамаддунҳо ва халқу кишварҳо мебошад.
Омад - омади Наврўз ба дили хурду бузург суруру шодӣ бахшида, мардумонро сарҷамъ месозад ва кулли инсонҳоро ба дӯстиву бародари ҳидоят карда, меҳру муҳаббати онҳоро нисбати ҳамдигар меафзояд ва пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои миллӣ ва анъаноти ниёгонамон мебошад.
Дар охир тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо баҳорӣ орзуҳо, бахту саодат, файзу баракат, дастархони пур аз нозу неъмат ва ба кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои беназир орзу намуданд.