ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврўз 2022»

20.03.2022 09:13

 

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллие, ки дар кишвари азизи мо пойдор аст, имрўз дар тамоми манотиқӣ ҷумҳурӣ ҷашни Наврўз, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст, тамоми мардуми саодатманди ноҳия ва шаҳри Душанберо ба ин ҷашни байналмилали сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврўзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рўзгор орзу менамоям.
Наврўз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанўз аз оғози пайдоиши он то ба имрўз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор соларо дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, эҳёи табиат ва оғози мавсими кишту кор ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Наврўз барои мо тоҷикон, ки меросбарони тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрўз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ ва унсури ҷудоинопазирӣ фарҳанги миллӣ буда, бузургиву шаҳомати он шаҳодати васлгарии тамаддунҳо ва халқу кишварҳо мебошад.
Омад - омади Наврўз ба дили хурду бузург суруру шодӣ бахшида, мардумонро сарҷамъ месозад ва кулли инсонҳоро ба дўстиву бародари ҳидоят карда, меҳру муҳаббати онҳоро нисбати ҳамдигар меафзояд ва пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои миллӣ ва анъаноти ниёгонамон мебошад.
Дар бораи Наврўз Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум навиштааст, ки рўзи Наврўз ягона рўзест, ки тағйирнопазир аст ва нахустин рўз аз Фарвардинмоҳ буда, куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин рўз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рўз баробар шуда, рўзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот ва такмили дунёи нав оғоз мегардад.
Аз ин лиҳоз, мо тоҷикон дар ин рўз хонаи худро сафед мекунем ва сарулибоси нав ба бар карда, орзўи то соли оянда беҳтар шудани зиндагиямонро намуда, ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон дасти сахои худро дароз карда, нисбати онҳо меҳрубонӣ менамоем.
Дар охир бори дигар тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврўз самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо баҳорӣ орзуҳо, бахту саодат, файзу баракат, дастархони пур аз нозу неъмат ва ба кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои беназир орзу менамоям.

Ҷашни Наврўзи байналмилали
муборак ҳамватанони азиз!