Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар ноҳия

10.03.2022 14:23

 

10-уми марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф оид ба баргузор ва истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба масъулин супориш дод.
Таъкид гардид, ки ҷашни Наврӯз дар Боғи фаҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ таҷлил карда шавад. Ёдовар мешавем, ки таҷлили ин ҷашни куҳану бостонӣ рӯзи 21-уми март дар ноҳия баргузор мегардад.