ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф бахшида ба “Рўзи Модарон”

05.03.2022 08:11

 

Муҳтарам модарону хоҳарони азиз
ва ҳозирини гиромӣ!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рўзгори орому осударо таманно менамоям.
Модарону бонувони мо таҳти таваҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ташабуссу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ якқатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо мақсади дастгирии онҳо қабул карда шудаанд, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030» ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021 - 2025 қадами навбатӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Модар ягона шахсест, ки аз у дида нафари мушфиқу ғамхор ва мўнису меҳрубон ба фарзанд нест. Чунки модар ба фарзанд ҳаёт мебахшад, сухан гуфтану роҳ рафтанро меомўзонад, тарбия мекунад ва дар дили фарзанди худ ҳисси муҳаббату самимият, некиву накўкорӣ ва инсондўстиро ба вуҷуд оварда, барои босаводу соҳибкасб ва соҳибмаърифат шудани у меҳнати зиёд менамояд ва тамоми умри худро бо ғаму шодии фарзанд сипарӣ карда, ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш мебошад. Беҳуда нест, ки модар фарзандашро бо тамоми вуҷудаш дўст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ў мебошад.
Бинобар ин, модар барои ҳар як фард ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон буда, ба хотири ҳамин фазилату заҳматҳои модар бузургони адабу фарҳанг аз замонҳои қадим то имрўз дар осорашон меҳру муҳаббат ва матонату садоқати ўро ситоиш мекунанд.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Воқеан ин мисраҳо шаҳодати онанд, ки модар тамоми бузургону фарзонаҳои оламро ба дунё оварда, ба мартабаҳои баланд расонидааст.
Аз ин хотир, мо ифтихор дорем, ки модарону хоҳарони мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.
Як нуқтаро бояд қайд намуд, ки модари тоҷик дар тўли таърих ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандўсту ватанпарварро ба дунё оварда, онҳоро тарбия ва ба камол расонида, барои хизмат ба халқу Ватан дуои нек додааст.
Саҳми модарону бонувони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе имрўз дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандўсту ватанпараст бузург буда, фарзандони онҳо бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созанда барои баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо доранд.
Аз ин хотир ва бо бовари ба фардои дурахшони Ватани азизамон бори дигар Шумо модарони мўнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва хоҳарону духтарони боғайрату ватандўстро ба ифтихори Рўзи модар табрик гуфта, бароятон саломатӣ, иқболи нек, умри дарози бобаракат, рўзгори обод ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббати самимӣ, орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад,
Модарону хоҳарони азиз!