Фаъолтарин созмони хонандагон 22 сола шуд

28.02.2022 09:08

 

24 феврали соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳия ҷашни 22-юмин солгарди Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки бо номи «Исмоили Сомонӣ» маълум аст, таҷлил карда шуд.
Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, муовини Раиси ноҳия Наргис Шарифзода, мудири бахши маориф Лола Одилбекова ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки барои таълиму тарбияи ҷавонони боистеъдод Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кўдакон ва наврасон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият мекунад, ки барои сайқал додани истеъдодҳо кўшиш ба харҷ медиҳад. Дар Марказ беш аз 120 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ҷалб карда шудаанд. Директори ин муассиса Қурбонхол Гулов тавонистааст, ки ҷавонони боистеъдодро тарбия намуда, дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия фаъолона ширкат намоянд.
Раиси ноҳия Самӣ Шариф барои ҳавасмандии омўзгорону тарбиягирандагони ин муассиса як қатор фаъолони Марказро бо «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадршиносӣ намуданд.