Таҷлили рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии “02615г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.02.2022 14:57

 

Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии “02615г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф суханронӣ намуда, ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори таъсисёбии рўзи Артиши миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору муваффақият ва дар адои хизмати пурмасъулашон комёбиҳоро тамано намуданд ва баъдан сарбозон ва афсаронро бо сипосномаҳо қадрдонӣ карданд.