Таҷлили рўзи тасисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии №6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

15.02.2022 16:19

 

Санаи 15 феврали соли 2022 дар қисми ҳарбии №6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 29-уми солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мусозода Илҳом Хол ва Шарифзода Наргис Достӣ, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва падару модарони сарбозону афсарон иштирок доштанд.
Сараввал муовини Раиси ноҳия, Раиси камисияи даъвати ҷавонони ноҳия Мусозода Илҳом Хол табрикоти самимии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шарифро ба кулли афсарону сарбозон расониданд ва баъдан ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори таъсисёбии рўзи Артиши миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору муввафақият ва дар адои хизмати пурмасъулашон комёбиҳоро тамано намуданд.