Манъ кардани амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии ҷавонон аз истифодаи маъводҳои нашъаовар

11.02.2022 16:50

 

Бо ин мақсад санаи 11 феврали соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф дар мувофиқа бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Агентии назоратии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2022 дар бораи баргузории вохӯриҳо оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мудирони муассисаҳои томактабии ноҳия, бо ҷалби ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур, Давлатзод Собир Ғаффор - сарнозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Баротзода Эмомалӣ - нозири шуъбаи муомилоти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мусозода Илҳом ва Шарифзода Наргис иштирок ва суханронӣ намуданд.