Ҷаласа бо мақсади иттилоотонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

04.02.2022 16:22

 

04 феврали соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади иттилоотонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла субъектҳои соҳибкорӣ, муассисон ва иштирокчиёни (саҳмиядорони) шахсони ҳуқуқӣ аз муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар доираи чорабинӣ, масъулин аз вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, меъморӣ ва сохтмон ва дигар мақомоти давлатии дахлдор иштирок варзида, аз муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии қайдгардида маърӯза намуданд ва вобаста ба саволҳои ба миён омада дар доираи қонунгузорӣ посухҳои дахлдор доданд.
Қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 июли соли 2021, №1802 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки муҳлати татбиқи он дувоздаҳ моҳ, яъне аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонунро оғоз меёбад.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар доираи гурӯҳҳои корӣ, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои молиявӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҳия гардид, ки он аз 24 декабри соли 2021, №1844 қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Зикр гардид, ки бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳо дар доираи Кодекси андоз дар таҳрири нав нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.