Вохӯрии масъулини соҳаи тандурустӣ бо фаъолону кормандони соҳаи коммуналӣ ва кабудизоркунии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

20.01.2022 18:31

 

20 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинобар сабаби ҷалби шаҳрвандон ба ваксинагузаронӣ, вахӯрӣ бо фаъолону кормандони соҳаҳои коммуналӣ ва кабудизоркунии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Шарифзода Хушвахт Салим, директори Институти байналмилалии саломатӣ ва омӯзишӣ Иёлоти Колифорнияи ШМА Ораш Алоӣ ва муовини Раиси ноҳия Шарифзода Наргис Достӣ иштирок ва суханрони намуданд.
Сараввал Шарифзода Наргис Достӣ меҳмононро бо аҳли толор муаррифӣ намуда, баъдан суханро ба сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим дода, баъд аз он сухан ба директори институти байналмилалии саломатӣ ва омӯзишӣ Иёлоти Колифорнияи ШМА Ораш Алоӣ доданд, зимни суханронӣ қайд намудан, ки барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 бояд ҳар як шахс ба ваксинатсия фаро гирифта шавад ва гигенаи шахсиро риоя намоянд.