ПАЁМ - РОҲНАМО БАҲРИ АМАЛӢ НАМУДАНИ НАҚШАҲОИ НЕКИ ОЯНДАСОЗ

05.01.2022 10:11

 

Баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гуруҳи таблиғотии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллии шаҳрӣ, ноҳиявӣ санаи 04 январи соли 2022 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сокинони маҳаллаҳои Нодира,Шафақ,Проектний ва Гулистон вохӯри баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Маликзод Парвина-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, Саидҷаъфар Усмонзода-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, Шарифзода Наргис Достӣ-муовини раиси ноҳия, Ҷурахонзода Ҷумахон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Исмоилзода Шаҳноз-вакили шаҳрӣ, Ғафорзода Ҷонона-вакили ноҳиявӣ, Қурбонализода Саидабдулло-вакили ноҳиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Шарифзода Наргис Достӣ ҳозиринро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, сипас суханро ба Маликзод Парвина ва Усмонзода Саидҷаъфар дод.
Онҳо дар баромади худ нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин шарҳ доданд.