ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

04.04.2021 10:05

 
Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини вазири маориф ва илми мамлакат Латофат Назирӣ ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

Мавсума Муинӣ ба маросим ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инкишофи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон карданд.